Дар интихоботи Юнон Ҳизби сотсиалисти ин кишвар пирӯзии чашмгир ба даст оварда, муҳофизакорони сарвзаир Костас Караманлисро шикаст дод ва аз қудрат дур кард. Дар ҳоле ки аз панҷ чаҳор ҳиссаи раъйҳо шумурда шудаанд, ҳизби ПАСОК-и Георг Папандреу пуштибонии 44 дарсади интихобкунандагонро соҳиб шуд, ки наздик ба 10 дараҷа болотар аз ҳимояти Ҳизби Демократияи Нави Караманлис аст. Падар ва бобои Папандреу низ дар гузашта сарвазири Юнон будаанд. Вай дар барномаи интихоботии худ харҷи қариб чаҳоруним миллиард долларро барои наҷоти иқтисодиёт аз бӯҳрон ва коҳиши андозро таблиғ кард.