Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобел насиби кӣ мешавад?


Дар Шветсия ҳафтаи ҷоизаҳои Нобел шурӯъ мешавад ва дар ин муддат барандагони ин ҷоизаи бонуфуз дар бахшҳои гуногуни илму фарҳанг ва фаъолияти ҷамъиятӣ эълон хоҳанд шуд. Аз ҷумла, имрӯз барандагони ҷоиза дар бахши тиб ва фардо, яъне рӯзи сешанбе, соҳибони ҷоиза дар бахши физика эълон хоҳанд шуд. Баъдан барандагони ҷоизаҳо дар бахши кимиё, адабиёт маълум мешаванд. Охири ҳафта оламиён номи барандаи ҷоизаи сулҳи Нобелро хоҳанд донист ва расо як ҳафта баъд ному насаби ҷоиза дар бахши иқтисод ҳам эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG