Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи рафьи паёмадхои заминларза дар Суматра


Корҳои наҷотбахшӣ дар ҷазираи Суматраи Индонезӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе они ҷо заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваста буд, фақат баъд аз чанд рӯзи дигар поён хоҳанд ёфт. Наҷотбахшон иқрор мекунанд, ки аз зери оворҳо пайдо кардани одамони зинда гумон аст. Ба иттилоъи расмӣ, айни ҳол тақрибан 3 ҳазор нафар зери харобаҳо мондаанд. То имрӯз ҳалокати беш аз 600 нафар дар ин офати табиӣ таъйид шудааст.
Айни ҳол корҳои наҷотбахшӣ дар шаҳри Паданг, маркази вилояти Суматраи Ғарбӣ ва чанд деҳае идома доранд, ки бар асари заминларза қариб пурра хароб шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, боронҳои паёпай пайдо кардани одамон аз зери оворҳоро сангинтар месозад. Кишварҳои гуногуни олам ба ҳукумати Индонезӣ барои рафъи паёмадҳои замонларзаи мудҳиш кумак мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG