Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мероси Имоми Аъзам дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо» баргузор хоҳад шуд. Ин нишаст бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон доир мешавад, ки соли 2009-ро бахшида ба 1310- солагии Абӯҳанифа, бунёдгузори маҳзаби ҳанафӣ, Соли Имоми Аъзам эълон кардааст. Бино ба иттиллои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин нишасти дуруза чеҳраҳои маъруфи олами ислом, аз ҷумла ду раисиҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ ва Сибғатулло Муҷаддадӣ ва ҳамчунин Аҳмад Умар Ҳомиш, раиси донишгоҳи Ал-Аҳзари Миср, Виталий Наумкин, раиси Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия ва Марат Муртазин, раиси донишгоҳи исломии шаҳри Маскав, ширкат хоҳанд кард. Қарор аст дар маҷмӯъ 500 меҳмон аз 50 кишвари дунё дар ин нишаст ҳузур дошта бошанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур суханронӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG