Пайвандҳои дастрасӣ

Ким Ён Ир:Кореяи Шимолй барои музокирот омода аст


Кореяи Шимолӣ изҳор намуд, ки ба музокироти дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба барномаи ҳастаияш омода аст. Дар ин бора сарвазири Кореяи Шимолӣ Ким Ён Ир дар Пхенян дар ҷараёни сӯҳбат бо раиси ҳукумати Чин Вэн Цзябао хабар дод. Моҳи апрели соли равон Пхенян аз идомаи гуфтушунид бо панҷ кишвари олам оид ба барномаи ҳастаияш сарпечӣ кард ва моҳи май озмоиши нави ҳастаӣ гузаронд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ умедвор аст, ки сафари раиси ҳукумати Чин ба Пхенян ба эҳёи музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷараёни ин сафар Вэн Цзябао ҳамчунин бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир ҳам дидору гуфтугӯ дошт - Ким Чен Ир вақтҳои ахир хело кам дар маҳзари ом пайдо мешавад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва сарвазири Чин дирӯз ҳамроҳ намоишномаеро дар театри опера тамошо карданд.
XS
SM
MD
LG