Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти дипломати собиқ аз рафтори СММ


Як намояндаи аз мақомаш барканоршудаи Созмони Милал дар Афғонистон мегӯяд, ки ин созмон на танҳо тақаллуб дар интихоботи Афғонистонро нодида гирифтааст, балки аз ӯ хостааст, дар ин бора ба касе лаб накушояд. Питер Галбрайт – муовини собиқи Кай Эйде - фиристодаи Созмони Милал дар Афғонистон, дар мақолае дар рӯзномаи “Вашингтон Пост” навиштааст, Созмони Милал ба ӯ итминон додааст, ки дар санади барканорӣ аз мақомаш баҳсҳо доир ба шеваи амалкарди Созмони Милал дар мавриди таққалуб дар интихоботи Афғонистон зикр хоҳад шуд. Аммо навиштааст, Питер Галбрайт, дар ин санад навиштаанд, ки “сабукдӯш кардани вай, ба манфиати намояндагии Созмони Милал” хоҳад буд. Питер Галбрайт навиштаст, ки бо Кай Эйде дӯсти қадимиаш ҳам дар ин замина ихтилофоти назари хусусӣ доштааст. Бино ба гузоришҳо, дар интихоботи моҳи августи Афғонистон, раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай пирӯз шудааст, аммо то кунун натиҷаҳои расмии интихоботро эълом накардаанд.
XS
SM
MD
LG