Пайвандҳои дастрасӣ

Нозирони атомӣ ба Эрон сафар мекунанд


Муҳаммад Ал–Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, гуфт, Эрон иҷоза додааст, то нозирони ин созмон ба зудӣ барои таҳқиқи коргоҳи нави ғанисозии ураниум ба ин кишвар биёянд. Ал- Бародаӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки нозирони созмон рӯзи 25-уми октябр барои бозрасии таъсисоти атомии нав дар наздики шаҳри Қум сафар хоҳанд кард. Муҳаммад Ал-Бародаӣ ҳамчунин гуфт, музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар марҳилаи муҳиме қарор дорад ва аз Эрон хост, дар барномаҳояш шаффофияти бештар нишон бидиҳад. Қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар музокирот бо Эрон дар шаҳри Женева аз ин кишвар хостанд, ба нозирони Созмони Милал иҷоза бидиҳанд, то таъсисоти нав дар наздикии шаҳри Қумро таҳқиқ намоянд. Айни замон рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” бо истинод ба як таҳлили махфии кормандони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ навиштааст, ки “Эрон барои сохту тавлиди бомби атомӣ аз ураниуми ғанишудаи ғализ” иттилоъоти кофӣ ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG