Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи хунини Толибон ба нерӯҳои амрикоӣ


Ҳашт сарбози амрикоӣ дар як набарде бо ҷангҷӯёни Толиб дар вилояти ҷанубии Нуристони Афғонистон ҳалок шудаанд. Як сухангӯи Артиши Амрико гуфт, ҷангҷӯён рӯзи шанбе ба ду посгоҳ, ки яке аз сарбозони амрикоӣ ва дигарӣ аз нерӯҳои давлатии Афғонистон буд, ҳамла карданд. Дар ин ҳамла ҳамчунин ду сарбози афғон ҳалок шудаанд. Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, ки пас ҳамлаи ҷангҷӯён, бо даҳҳо нафар аз маъмурони пулис тамосро гум карда ва намедонанд, ки онҳо зиндаанд ва ё на.
XS
SM
MD
LG