Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нодир бо раҳбари Куриёи Шимолӣ


Вен Ҷибао – нахуствазири Чин, имрӯз бо Ким Йонг Ил - раҳбари пинҳонкори Куриёи Шимолӣ, дидору гуфтӯгу кардааст. Доир ба мӯҳтавои сӯҳбати онҳо чизе гуфта нашудааст, аммо боздиди Вен Ҷибао аз Пхенян дар ҳолест, ки нишонаҳое аз майли Куриёи Шимолӣ барои аз сар гирифтани музокироти шашҷониба бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии он кишвар ба чашм мехӯранд. Ҷумҳурии Мардумии Чин мизбони музокироти шахшудаи шашҷонибаи атомӣ аст, ки дар он Амрикову Русия, Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон ҳам шомиланд. Вен Ҷибао бо як сафари серӯзаи расмӣ ба Пхенян сафар кардааст ва қарор аст, бо мақомоти ин кишвар чандин қарордод, дар арсаҳои иқтисодиву ҷаҳонгардӣ ва маориф имзо кунад.
XS
SM
MD
LG