Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтӯгуи Ал-Бародаӣ бо мақомоти Эрон


Муҳаммад Ал-Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилали Энержии Атомӣ, дар шаҳри Теҳрон қарор дорад ва бо мақомоти Эрон масъалаи бозрасии таъсисоти ниматамоми нави ғанисозии ураниумро баррасӣ мекунад, ки чанде пеш ошкор шуд. Қудратҳои ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе дар музокирот бо Эрон дар шаҳри Женева аз ин кишвар хостанд, ба нозирони Созмони Милал иҷоза бидиҳанд, то таъсисоти нав дар наздикии шаҳри Қумро таҳқиқ намоянд. Айни замон рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” бо истинод ба як таҳлили махфии кормандони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ навиштааст, ки “Эрон барои сохту тавлиди бомби атомӣ аз ураниуми ғанишудаи ғализ” иттилоъоти кофӣ ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG