Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти калони амрикоиён дар Афғонистон


Ҳашт сарбози амрикоӣ ва ду ҳарбии афғон дар як задухӯрди шадид дар вилояти Нуристон кушта шуданд.

НАТО дар иртибот як баёнияе интишор дода ва гуфтааст, нерӯҳои байнулмилалӣ дар ин вилоят мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифтаанд.

Низомиёни амрикоӣ гуфтаанд, ҳамла хуб тарҳрезӣ шуда буд ва дар як минтақаи душворгузар воқеъ гардид.

Дар баёнияи НАТО омадааст, гурӯҳҳои мусаллаҳи қабоили маҳаллӣ ба посгоҳҳои артиши Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилалӣ аз масҷид ва деҳаи наздиктарин ҳамла кардаанд.

Намояндаи Толибон гуфтаст, ҳамчунин 35 афғони дигар низ ба асораташон афтидааст ва сарнавишти асиронро шӯро муайян хоҳад кард.

Вилояти Нуристон дар минтақаи душворгузари кӯҳӣ ҷойгир буда, бо Покистон ҳаммарз аст ва толибони зиёде аз Покистон тариқи ин вилоят ба Афғонистон мегузаштаанд.
XS
SM
MD
LG