Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониёни зилзила дар ҷазираи Суматраи Индонезия эҳтимол ба ҳазорҳо нафар мерасад.

Наҷотдиҳандагон ба маҳаллоти дурдасти ҷазира наздик мешавад ва манзараҳои даҳшатнок ба назарашон намудор мешавад.

Шуморе аз маҳаллоти сукунатӣ комилан хароб шудаанд, роҳҳо аз байн рафта, ва пизишкон наметавонанд саривақт ба ёрии ниёзмандон бираванд.

Ёриҳои байнулмилалӣ ба Индонезия аллакай ворид шуда истодааст, вале умед ба дарёфти зиндамондагон дар шаҳри Паданг, маркази маъмурии Суматра хеле кам аст. Наҷотдиҳандагон аз Австралия, Бритониё, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ аллакай дар ин маҳал кор мебаранд, Иттиҳоди Аврупо ва Русия низ кӯмакҳо ирсол мекунад.

Дар ҳоли ҳозир марги беш аз ҳазор нафар дар ин шаҳр ва беномунишонии 3000 нафари дигар таъйид шудааст.

Зилзилае бо шиддати 7,6 маҳалли бузургеро дар соҳилҳои Суматра ба хок яксон кардааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, берун аз шаҳри Паданг маҳаллотеро гӯиё замин фурӯ бурдааст ва аз садҳо сокин ному нишоне нест.
XS
SM
MD
LG