Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи сухангӯи Ҳаракати исломии Узбакистон


Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон
Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон

Имрӯз унвонии бахши узбакии радиои Озодӣ аз номи сухангӯи Ҳаракати исломии Узбакистон мактубе расидааст, ки дар он хабари марги Тоҳири Юлдош инкор шудааст.

Як узви Ҳаракати исломии Узбакистон бо номи Абдулфаттоҳ Аҳмадӣ, ки худро сухангӯи расмии ин ҳаракат муаррифӣ мекунад, дар ин мактуб мегӯяд, гузоришҳо доир ба марги Тоҳир Юлдош бепояву асос аст, зеро ӯ зиндаву саломат мебошад. Вай гуфтааст, ки “амири онҳо зиндаву саломат аст, вале посух ба ҳар гуна овозаҳоро ба худ муносиб намедонад.”

Сухангӯи раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин баёния ҳамчун далели зинда будани Тоҳири Юлдош порае аз садои ӯро низ фиристодааст, ки ба гуфтаи ӯ, субҳи имрӯз ҳангоми суханронӣ дар Шӯрои маҷлиси ин ҳаракат сабт шудааст.

Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Аҳмадӣ, Тоҳир Юлдош барои ирои ваъзи наве омодагӣ мегирад, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Аммо таъйиди ин гуфтаҳо аз манобеи дигар имконпазир нест.

Дар миёнаҳои ҳамин ҳафта хабаргузориҳо гуфтанд, ки Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишин дар ҷануби Покистон кушта шудааст.

Ҳаракати Исломии Узбакистонро кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрикову Аврупо ба феҳрасти созмонҳои терористӣ шомил кардаанд.
XS
SM
MD
LG