Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи зердастони Тоҳир Юлдош


Як узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мегӯяд, гузоришҳо доир ба марги Тоҳир Юлдош – раҳбари ин ҳаракат, бепояву асос аст, зеро ӯ зиндаву саломат мебошад. Абдулфаттоҳ Аҳмадӣ, ки худро воъизи расмии Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон муаррифӣ мекунад, бо ирсоли як баёнияе ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “амири онҳо зиндаву саломат аст, вале посух ба ҳар гуна овозаҳоро ба худ муносиб намедонад.” Ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Аҳмадӣ, Тоҳир Юлдош барои ирои ваъзи наве омодагӣ мегирад, ки ба зудӣ нашр хоҳад шуд. Таъйиди ин гуфтаҳо аз манобеъи дигар имконпазир нест. Дар миёнаҳои ҳамин ҳафта хабаргузориҳо гуфтанд, ки Тоҳири Юлдош - раҳбари Ҳаракати Исломии Узбакистон, дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишин дар ҷануби Покистон кушта шудааст. Ҳаракати Исломии Ӯзбакистонро кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрикову Аврупо ба феҳрасти созмонҳои терористӣ шомил кардаанд.
XS
SM
MD
LG