Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА шеваи ҷанг дар Афғонистонро тағйир медиҳад


Дидори Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо Стейнлӣ Маккристал, фармондеҳи олирутбаи ин кишвар дар Афғонистон
Дидори Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо Стейнлӣ Маккристал, фармондеҳи олирутбаи ин кишвар дар Афғонистон

Раисиҷумҳури Амрико бо фармондеҳи олирутбаи ин кишвар дар Афғонистон стротежии ҳукуматаш дар қиболи ҷанг дар Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Мақомоти Кохи Сафед мегӯянд, мулоқоти мазкур дар дохили ҳавопаймои Барак Обама ва дар фурӯдгоҳи шаҳри Копенҳагени Дания сурат гирифтааст. Раисиҷумҳури Амрико дар масъалаи бозбинии шеваҳои ҷанг дар Афғонистон ва эҳтимоли ирсоли 40 ҳазор сарбози дигар ба он ҷо бо мушовирони амнияташ машварат доштааст.

Баъди арзёбии тарсноки Стейнлӣ Маккристал, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон, аз ҷанг дар ин кишвар ва тақозои ӯ барои ирсоли нерӯҳои иловагӣ, бори аввал аст, ки раисиҷумҳури Амрико бо ин фармондеҳи олирутбааш гуфтугӯ мекунад.

Гузориши Стейнлӣ Маккристал доир ба хатароти ҷанг дар Афғонистон ва тақозо барои ирсоли нерӯҳои иловагӣ, ки моҳи гузашта ба Барак Обама ироа шуд, дар маркази тавваҷҷӯҳи мушовирони амниятии ҳукумати Обама қарор дорад, ки зарурати ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба ин ҷанги номаҳбуб дар байни амрикоиҳоро баррасӣ мекунанд.

Фармондеҳи амрикоӣ ҳушдор додааст, ки бидуни тағйири чашмгир дар стротежии чанг, маъмурияти Амрико дар Афғонистон шикаст хоҳад хурд ...
Зимни суханрониаш дар яке аз пажӯҳишгоҳҳои мӯътабари шаҳри Лондон дар ҳафтаи гузашта Стейнлӣ Маккристал аз ҷанги ҳаштсола дар Афғонистон арзёбии ваҳим, вале ба гуфтаи худаш дурусте кард.

Вай гуфт, «вазъ бисёр ҷиддӣ аст ва ман бисёр ва бисёр бо эҳтиёт дар ин замина ҳарф мезанам. Арзёбии ман ва қазовати беҳтарини низомии ман аз ҷанг ин аст, ки авзоъ дар баъзе маврид дар ҳоли бадтар шудан аст, аммо на дар тамоми самтҳо».

Стейнлӣ Маккристал афзуд, хушунат дар Афғонистон на барои он авҷ гирифтааст, ки дар он ҷо нерӯҳои бештари эътилофӣ ҳастанд, балки барои он авҷ гирифтааст, ки “шӯриш дар Афғонистон густурдатар шудааст».

Мулоқоти Стейнлӣ Маккристал бо Барак Обама дар шаҳри Копенҳаген тақрибан 25 дақиқа идома кардааст. Стейнлӣ Маккристалд баъди мулоқот бо Гордон Бровн - нахуствазири Бритониё ва суханрониаш дар Пажӯҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти стротежӣ дар рӯзи якуми октябр аз шаҳри Лондон ба Копенҳаген омад.

Фармондеҳи амрикоӣ ҳушдор додааст, ки бидуни тағйири чашмгир дар стротежии ҷанг, маъмурияти Амрико дар Афғонистон шикаст хоҳад хӯрд. Стейнлӣ Маккристал мехоҳад, то аз 30 то 40 ҳазор сарбоз ва мураббиёни низомии дигари Амрико ба Афғонистон эъзом шаванд. Аммо дар Кохи Сафед дар ин масъала ихтилофи назар доранд, ки оё нерӯҳои изофӣ эъзом шаванд, ё аз роҳи дигаре вазъро ислоҳ кунанд.

Роберт Гибс сухангӯи Кохи сафед ба хабарнигорон гуфт, Барак Обама мулоқотро “бисёр пурсамар” медонад ва “ҳарду ҳам мувофиқ буданд, ки машвараташон муфид будааст.” Вале дар шаҳри Лондон, генерал Маккристал ба фаврияти қабули қарори дуруст дар мавриди ҷанги Афғонистон таъкид кард.

Барак Обама гуфтааст, ки пеш аз тасмим гирифтан аз дар мавриди ҷанг дар Афғонистон аз фармондеҳону мушовирони амниятиаш суолҳое сахте хоҳад кард. Ҳукумати Амрико барои муқобила бо хушунатҳои афзоянда дар Афғонистон имсол теъдоди сарбозонашро дар инҷо ду баробар афзуда то ба 62 ҳазор нафар расонд.

Бештари нерӯҳои садҳазорнафарии хориҷӣ дар Афғонистонро нерӯҳои Амрико ташкил мекунанд, зеро шарикони Иёлоти Муттаҳида аз ирсоли сарбозони бештар ба онҷо худдорӣ варзидаанд. Афзоиши талафоти сарбозони хориҷӣ дар Афғонистон сабаби коҳиши ҳимояти афкори умум аз ин ҷанг дар Амрико ва Аврупо шудааст.
XS
SM
MD
LG