Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти вилояти Суғд рӯзи 3-юми октябрро оғози расмии маъракаи пахтачинӣ дар вилоят эълон кардаанд.

Рустам Раҳимов, муовини сардори Идораи кишоварзии ҳукумати Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пахтачинии имсола донишҷӯёни вилоят ширкат нахоҳанд кард. Оқои Раҳимов афзуд, дар қатори 55 ҳазор чинакчиёни саҳмдори хоҷагиҳо, ба пахтачинӣ кормандони соҳаи буҷавӣ - духтурону омӯзгорон низ ҷалб хоҳанд шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, арзиши 1 кило пахта имсол ҳам 20 дирам, муодили 5 сенти амрикоӣ, муқаррар шудааст. Дар вилояти Суғд дар 55 ҳазор гектор замин пунбадона кишт кардаанд, ки ин рақам дар қиёс бо солҳои гузашта даҳ дарсад камтар аст. Оқои Раҳимов гуфт нагуфт, ки мавсими имсолаи пахтачинӣ чанд рӯз идома мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Моҳира, модари ду фарзанд, ки пахтачинӣ мекунад, бо нигаронӣ мегӯяд, мутаассифона, солҳои охир мақомот пахтачинонро қадр намекунанд, аз ин хотир, кам касе ба ин кор шавқ дорад. Хонум Моҳира мегӯяд, ӯ аз субҳи содиқ то шом ба пахтачинӣ баромада, бар ивази он ҳамагӣ 22 сомонӣ мегирад.

Пахтакорони Суғд мегӯянд, аз номусоидии ҳаво ва паст рафтани арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ кори онҳо каммаҳсул шудааст. Шарифа Ҷумъагулова, раиси хоҷагии Пахтакори ноҳияи Спитамен, мегӯяд, ҳарчанд мақомот кишти бештари пунбадораро талаб мекунанд, солҳои охир хоҷагиҳо он қадар ба пунбакорӣ дилгарм нестанд. Хонум Шарифа меафзояд, ин ҳам дар ҳоле ки қарзи хоҷагиҳо дар назди сармоягузорон меафзояд. Хонум Ҷумъагулова мегӯяд, хоҷагиаш 20 ҳектор пунбадона кишт кард, аммо ба далели қарздориаш аз ҳосил бебаҳра мондааст:

Коршиносон мегӯянд, завқи деҳқонон ба пахтакорӣ коста шудааст, зеро аз шеваи коре, ки ҳоло ҳукмрон аст, ба онҳо танҳо ғузапоя мемонад. Пахтачинҳои имсола ҳам намедонанд, ки ба онҳо чӣ хоҳад расид, зеро қаблан пардохт нашудани маблағи онҳо аз сӯйи хоҷагиҳо мушоҳида шудааст. Барои кормандони буҷавӣ бошад, пахтачинӣ ҳам рӯзи истироҳат дар ҳавои кушод ва ҳам маҳрум нашудан аз ҷойи кор хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG