Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Ал- Бародаӣ ба Эрон меравад


Муҳаммад Ал-Бародаӣ -мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ба Эрон сафар мекунад, то бо мақомоти ин кишвар шароити бозрасии як таъсисоти нави зеризаминии ғанисозии ураниум дар Эронро баррасӣ намояд. Дипломатҳои ин оҷонсӣ гуфтаанд, ки дар ин гуфтӯгуҳо Муҳаммад Ал- Бародаӣ саъй хоҳад кард, то санаи боздиди нозирони байналмилалӣ аз ин таъсисоти нав дар наздикии шаҳри Қумро таъйин намояд. Давлати Эрон дар рӯзи панҷшанбеи гузашта дар рӯзи мулоқоташ бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Женева мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро ба Эрон даъват кард. Дар он мулоқот тарафҳо мувофиқат намуданд, то баҳс дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии Эронро ахири ҳамин моҳ идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG