Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Покистон мегӯяд, 27 ҷангҷӯро куштааст


Нерӯҳои шибҳанизомии Покистон мегӯянд, дар ҷараёни амалиёт дар минтақаи шимолуғарбӣ ва қабиолнишини Хайбар 27 ҷангҷӯро куштаанд. Бино ба гуфтаи фармондеҳони ин нерӯҳо, рӯзи ҷумъа ҳамчунин ду паноҳгоҳи ҷангҷӯёнро нобуд кардаанд. Покистон таҳти фишори Амрико як ҳафта пеш амалиёт ба зидди шӯришиёнро оғоз кард, ки ҳамлаҳо ба корвонҳои лавозимот барои нерӯҳои Амрико ва НАТО - ро афзоиш додаанд, ки ин нерӯҳо ба зидди Толибон дар Афғонистон меҷанганд.
XS
SM
MD
LG