Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози размоиши Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ


Ҳазорон нафар аз сарбозони нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъӣ дар Қазоқистон як размоиши васеъмиқёсеро оғоз карданд. Бори аввал аст, ки нерӯҳои вокуниши сареъи паймон, ки чанде пеш таъсис шуд, чунин тамринҳои ҳарбӣ баргузор мекунад. Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар ин размоиш, ки ду ҳафта идома хоҳад кард, 7 ҳазор сарбоз ширкат хоҳанд варзид. Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон узви Созмони Паймони Низомии Амнияти Дастаҷамъӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG