Пайвандҳои дастрасӣ

Рио де Жанейро - мизбони олимпиадаи 2016


Истиқболи сокинони шаҳри Рио де Жанейро аз пирӯзӣ

Истиқболи сокинони шаҳри Рио де Жанейро аз пирӯзӣ

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ шаҳри Рио де Жанейрои Бразилияро макони бозиҳои олимпии соли 2016 интихоб кард.

Дар маросиме, ки дар шаҳри Копенҳаген – пойтахти Дания барои интихоби мизбони бозиҳои олимпии соли 2016 баргузор гашт, номзадии шаҳрҳои Чикаго, Токио, Мадрид ва Рио де Жанейро барои давраҳои охирини интихоб пешниҳод шуда буд.

Шаҳри Чикаго, ки дар ҳайати намояндагони он Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, бо ҳамсараш Мишел Обама ҳамроҳӣ дошт, дар давраи аввали раъйгирӣ аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Шаҳри Токио низ натавонист барои идомаи рақобат раъйи кофӣ ба даст биёрад.

Дар давраи ниҳоии сабқати шадид байни шаҳрҳои Рио де Жанейро ва Мадрид 95 дарсади раъйдиҳандагони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ бар нафъи Рио де Жанейро овоз доданд.

Дар таърихи бозиҳои олимпӣ бори аввал аст, ки мизбони он шаҳре аз Амрикои ҷанубӣ интихоб мешавад. Шаҳри Рио де Жанейро нахустин бор барои ширкат дар ин сабқат дархости расмӣ ироа карда буд.
XS
SM
MD
LG