Пайвандҳои дастрасӣ

Чикагову Токио аз сабқати олимпӣ хориҷ шуданд


Чикаго ва Токио аз ширкат дар сабқати шаҳрҳои номзади баргузории бозиҳои олимпии соли 2016 маҳрум шуданд. Аммо маросими раъйгирӣ барои интихоби шаҳри мизбони бозиҳои тобистона ҳамоно ҷараён дорад. Ҳоло дар феҳраст Мадриду Рио-де-Жанейро мондаанд, ки бояд дар дақиқаҳои наздик исми барандаи ин сабқат маълум шавад. Аъзои кумита дар раъйгирии пинҳонӣ исми шаҳрҳои мағлубшударо аз рӯйхат хат мезананд ва дар ниҳояти амр шаҳри барандаи аксари овозҳо ғолиби ин сабқат дониста мешавад. Дар баробари раиси ҷумҳурии Арико Барак Обама дар ин маросим нахуствазири Ҷопон Юкио Ҳатояма, шоҳи Испания Ҳуан Карлос ва президенти Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG