Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйгирӣ барои бозиҳои олимпӣ идома дорад


Дар Копенҳаген маросими раъйдиҳӣ барои интихоби шаҳри мизбони бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ҷараён дорад. Барои бурдани ин ҳақ се шаҳр – Чикаго, Мадрид ва Рио-де-Жанейро мубориза мебаранд. Қарор аст тасмими Кумитаи байналмилалии олимӣ дар лаҳзаҳои наздик эълон шавад. Аъзои кумита дар раъйгирии пинҳонӣ исми шаҳрҳои мағлубшударо аз рӯйхат хат мезананд ва дар ниҳояти амр шаҳри барандаи аксари овозҳо ғолиби ин сабқат дониста мешавад. Дар баробари раиси ҷумҳурии Арико Барак Обама дар ин маросим нахуствазири Ҷопон Юкио Ҳатояма, шоҳи Испания Ҳуан Карлос ва президенти Бразилия Луис Инасио Лула да Силва ширкат мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG