Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи натиҷаҳои мониторинги НАНСМИТ, дар бештари расонаҳои Тоҷикистон, ба хусус нашрияҳои тоҷикӣ, мавориди таҳқиру тӯҳмат дар ҳоли афзоиш будааст.

Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон (НАНСМИТ), ин ниҳод танҳо дар соли гузашта 26 мавриди ҷой доштани таҳқиру тӯҳмат дар матолиби расонаҳоро сабт кард. Ба шарофтаи талошҳои зиёди ин ниҳод мушкилоти журналистон дар ин замина то додгоҳ нарасида, ҳалли хешро пайдо кардааст.

Қаршибоев мегӯяд, дар соли ҷорӣ низ ин раванд дар ҳоли густариш аст ва кор ба ҷое расидааст, ки журналистон ба таҳқиру тӯҳмати ҳамдигар рӯ овардаанд. Вай афзуд, «моҳҳои ахир шоҳиди баҳсҳои ҳамкоронамон аз нашрияҳои Нигоҳ, Озодагон, Пайкон, СССР ва ғайра ҳастем, ки ба одоби касбии журналистон марбут мегирад. Ин дар ҳолест, ки риояти одоби касбӣ на танҳо ба баланд шудани сиффати матолиб, балки амнияти фаъолияти рӯзноманигориро таъмин мекунад».

Дар соли ҷорӣ низ ин раванд (таҳқиру тӯҳмат) дар ҳоли густариш аст ва кор ба ҷое расидааст, ки журналистон ба таҳқиру тӯҳмати ҳамдигар рӯ овардаанд ...
Аммо Мухтор Боқизода, раиси созмони дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорони Тоҷикистон бар ин назар аст, ки журналистони тоҷик дар заминаи риояи одобу ахлоқи журналистӣ талоши зиёде мекунанд, аммо мансабдорони давлатӣ дар ин замина аз муқарароти қавонини ҷиноӣ сӯиистифода мекунанд.

Вай мегӯяд, «туҳмату таҳқир дар моддаҳои 135 ва 136–и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон омадааст ва мансабдорони давлатӣ дар бештари маворид ин бандҳоро дар муқобили хабарнигорон дастак мекунанд. Ман бар он андешаам, ки мансабдорони давлатӣ ба маънои танқид ва таҳқир сарфаҳм намераванд ва матолиби танқидии нашрияҳо воситаи таҳқир ба худашон меҳисобанд».

Ба ин далел Боқизода аз ҷумлаи нахустин раҳбарони созмони дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон аст, ки дар муддати як соли ахир мавзӯи ҳазфи ибораҳои таҳқир ва тӯҳмат аз қонуни ҷиноии Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. Зеро, ба гуфтаи вай, чанд қазияи додгоҳӣ миёни хабарнигорони нашрияҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ва афроди алоҳида, ки таи ду соли ахир вуҷуд дошт, маҳз бо истифода аз ин бандҳои қонун сурат гирифтааст.

Ҳамакнун бо он ки ин пешниҳод дар бештари доираҳои журналистӣ ҷонибдорӣ меёбад, аммо Ҳуриниссо Ализода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» мухолифи ин ақида аст. Вай гуфт, «ҳанӯз зарурати бардоштани ин бандҳои қонун дар менталитети мо пеш наомадааст. Маҳз ҳамин бандҳои қонун аксарияти журналистонро водор мекунад, ки то андозае ахлоқ ё меъёрҳои ҳуқуқи инсонро риоят кунанд».

Ализода иллати аслии вуҷуди мавориди таҳқиру тӯҳмат дар матолиби бархе аз нашрияҳоро ба набуди ҳирфаият дар фаъолияти сардабирон ва хабарнигорони ин расонаҳо медонад. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд бо чунин ҳангомаҳое нашрияҳо мехоҳанд, ҷойгоҳеро дар миёни ҷомеа, ба хусус муштариёнашон касб кунанд, аммо дар ниҳоят боиси коста шудани эътибори расона мегардад. Поин будани сатҳи маърифати ҳуқуқии журналистон аз дигар далоили ҷой доштани таҳқиру тӯҳмат дар матолиби нашрияҳо дониста мешавад.

Ба ин тартиб ва бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар заминаи риояти одоби касбии журналистон масъулони созмонҳои рӯзноманигороӣ мегӯянд, зарурати таъсиси Шӯрои васоити ахбори омма дар Тоҷикистон пеш омадааст. Шӯро як созмони мустақил аст, ки ҳадафи танзими фаъолияти расонаҳо ва мавриди амал қарор додани меъёрҳои ахлоқии журналистон дар Тоҷикистон унвон шудааст. Маркази Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз ҳомиёни ин тарҳ аст.

Ба ин далел дар нишасти имрӯзи созмонҳои рӯзноманигорӣ дар шаҳри Душанбе, гуруҳи корие бо шумули хабарнигорон ва ҳуқуқшиносони ин арса ташкил гардид. Ин гуруҳ дар муддати ду ҳафтаи дигар ойинномаи ин созмонро таҳия ва барои баррасӣ ба маҷлиси умумии таъсиси Шӯрои Васоити Ахбори Оммаи Тоҷикистон дар охири моҳи ҷорӣ пешниҳод хоҳад кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG