Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҳири Юлдош кушта шуд?


Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон

Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон

Тибқи гузоришҳои расида,Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, дар паи ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бехалабон дар Вазиристони ҷанубӣ дар Покистон кушта шудааст.

Бино ба хабаргузории Ассошиейтед-пресс, манобеи амниятии Покистон ба нақл аз қавли наздикони Тоҳири Юлдош гуфтаанд, ки дигар Тоҳири Юлдош зинда нест ва дар ҷои ӯ Абдураҳмони тотор - яке аз чеҳраҳои бонуфузи ин ҳаракат роҳбар интихоб шудааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, азбаски хабари дақиқ аз кушта шудани Тоҳири Юлдош надоранд, аз ин рӯ наметавонанад аз маргу зиндагии ӯ иттилое диҳанд.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, Ҳаракати исломии Узбакистон як наҳзати созмонёфта ва бо барнома ва ҳадафи мушаххас аст ва аз байн рафтани лидерони он маънои парешон шудани ин наҳзатро нахоҳад дошт ...
Аҳмад Рашид, журналист ва коршиносни масоили минтақа, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки аҳамияти ин ҳодиса яъне марги Тоҳири Юлдош дар он аст, ки дар айни дубора авҷ гирифтани ситезаҷӯӣ дар Осиёи Марказӣ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, зеро Ҳаракати исломии Узбакистонро заминаи аслии сетзаҷӯӣ дар минтақа медонанд.

Вале ба назари Аҳмад Рашид, ба сурати умум вуҷуди ин ҳаракат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хатарзо нест.

Тоҳири Юлдош ҳануз наздики 30 сол дошта буд, ки дар натиҷаи як ошӯби худҷӯш дар Узбакистон алайҳи ҳукумати Ислом Каримов дар соли 1992 ба Тоҷикистон фирор кард. Дар он солҳо Тоҷикистон дучори нооромиҳо буд. Моҳи марти соли 1993 ӯ бо ҳамроҳонаш ба Афғонистон гузашт. Тарибан пас муддате дар Душанбе низоми сиёсат тағйир кард ва бо ба сари қудрат расидани ҳукумати Эмомалии Раҳмон нерӯи Иттиҳодияи оппозитсиюн ҳамроҳ бо муҳоҷирон дар Афғонистон паноҳ бурд.

Давлат Усмон, аз лидерони собиқи Иттиҳодияи оппозистсиюни тоҷик, доир ба ошноияш бо Тоҳири Юлдош мегӯяд, «вай дар соли 1994-19 95 ҳамроҳи муҳоҷирони мо дар лагери Сахӣ дар Пешовар буд. Пас аз он ки нерӯҳои Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик таҳти сарварии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳукумат талошҳо барои оштӣ шуданро оғоз карданд, Тоҳири Юлдош ин сулҳро напазируфт ва инҷоро тарк гуфт ва ба Покистон рафт».

Тоҳири Юлдош, ки аслан бо ҷома ва дастори покистонӣ ва бо риши куса, ки ӯро зирак нишон медод, раҳбарии маънавии Ҳаракати исломии Узбакистонро бар ӯҳда дошт. Ва пас аз кушта шудани Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи ҳарбии Ҳаракати исломии Узбакистон, дар Афғонистон дар соли 2001 тамоми умури ин наҳзатро Тоҳир ба дасти худ гирифт.

Дар Тоҷикистон ба марги Тоҳири Юлдош чандон ба як фоҷеаи бесобиқа ба сарнавишти вуҷуди баъдии Ҳаракати исломии Узбакистон нигоҳ намекунанд. Давлати Усмон, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, Ҳаракати исломии Узбакистон як наҳзати созмонёфта ва бо барнома ва ҳадафи мушаххас аст ва аз байн рафтани лидерони он маънои парешон шудани ин наҳзатро нахоҳад буд.

Ба қавли таҳлилгарон, ин ҳаракат ҳамчунон манбаи аслии таҳдидзо ба амнияти кишварҳои Осиёи Миёна боқӣ мемонад. Сардори шуъбаи масоили байнулмилалии Маркази мутолеоти стратегии раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, низ бар ин аст, ки кушта шудани Тоҳири Юлдош маънои маҳви ин наҳзатро нахоҳад дошт

Ахиран вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар ҷамъи хабарнигорон аз вуруди эҳтиомолии гурӯҳи мусаллаҳи Ҳаракати исломии Узбакистон ба мавзеъҳои марзии Тоҷикистон иттилоъ дод. Вай гуфт, амалиёти вижаи зиддитеррори нерӯҳои амниятии Афғонистон ин ҳаракатро водор мекунад, ки дар минақаҳо мушкилгузари кӯҳистони Тоҷистон паноҳ баранд.

Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир парвандаи 6 узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин кишварро баррасӣ дорад. Додраси ин додгоҳ гуфт, ки дар Тоҷикистон як шабакаи созмонёфтаи Ҳаракати исломии Узбакистон фаъол аст ва ҳамла ба кормандони умури дохила ва кушта шудани кормандони милиса дар Исфараи Тоҷикистонро амали дасти ҳамин созмон медонанд.

Дар ин навори бойгонӣ саҳнаи гирдиҳамоӣ ва рӯёрӯии Тоҳири Юлдош бо президенти Узбакистон, Ислом Каримовро метавонед дид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG