Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Назарбоев аз Озарбойҷон


Раиси ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи ҷумъа дар Боку бо ҳамтои озарбойҷониаш Илҳом Алиев дар чаҳорчӯби як мулоқоти расмӣ дидору мулоқот кард. Баъди мулоқот бо Назарбоев, Алиев гуфт, ки боздиди ҳамтои қазоқи ӯ аз Озарбойҷон дар равобити ояндаи миёни ин ду кишвар таъсири мусбат хоҳад гузошт. Дар ҷараёни боздиди Назарбоев аз Боку ширкати давлатии энержии SOCAR-и Озарбойҷон ва ҳамтои қазоқии он Казмунайгаз қарордодеро дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба имзо карданд. Дар изҳороти ин ҷонибҳо гуфта мешавад, ки ширкатҳо барои омӯзиши имкониятҳои бунёди муштараки лӯлаи нав, ки соҳилҳои баҳри Каспийро дар наздикии Боку бо баҳри Сиёҳ пайваст карда транзити нафтро аз Қазоқистон ба Озарбойҷон таъмин мекунад, омода ҳастанд. Тафсилоти бештари кори ин лӯла дар даст нест.
XS
SM
MD
LG