Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Монеаи раҳбари Молдова барои раҳбарии ҷиянаш дар бонк


Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурии Молдова Михай Гимпу рӯзи ҷумъа баъди иттиҳомоти хешутаборбозӣ бародарзодаи худро аз номзадӣ ба раисии бонки марказии кишвар хориҷ кард. Горнелиу Гимпу 43 сол дошта исми ӯ дар рӯйхат ҳамчун ягона номзад ба раҳбарии бонки аслии кишвар зикр мешуд. Гимпу, ки раиси парлумон ва иҷрокунандаи вазифаи президенти Молдова мебошад, гуфт, номзадии ҷиянашро танҳо ба хотири касбияти баланди ӯ ба ин мақом пешбарӣ кардааст. Мухолифон дар танқидҳои худ ба ҷияни дигари Гимпу - Дорин Киртуака, ки соҳиби вазифаи хеле баланд дар шарҳдории Кишинев буда ҳамчунин яке аз мақомҳои баландпояи ҳизби либерали ӯро ишғол мекунад, ишора карданд.
XS
SM
MD
LG