Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду низомии хориҷӣ дар Афғонистон


Дар ҳамлаи ахирои шӯришиён дар Афғонистон ахиран як сарбози амрикоӣ ва як бритониёӣ кушта шуданд. Сухангӯи низомиёни амрикоӣ гуфт, ки ҳодиса шабонгоҳ рӯй дод, вақте шӯришиён бо гулӯлаандоз ба нирӯҳои хориҷӣ дар шарқи Афғонистон ҳамла карда, як сарбозро кушта ва чанд танро захмӣ ба ҷо гузоштанд. Низомиёни Бритониё гуфтанд, ки халабони онҳо дар паи таркиши бомбае дар наздикии пойгоҳи низомии вилояти ҷанубии Ҳилманд ҷон дод. Имсолро низомиён пурқурбонитарин сол барои нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG