Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муомилаи Ҳамосу Исроил


Рӯзи ҷумъа Исроил 19 зани фаластинии зиндониро бар ивази навори видеоии як сарбози исроилӣ, ки инак се сол аст аз ҷониби ҷангиёни Ҳамос дар Навори Ғазза дар боздошт нигоҳ дошта мешавад, озод кард. Мақомоти Исроил гуфтанд, то замоне, ки зинда будани сарбози худ Гилат Шалитро тавассути навори видеоӣ собит накунанд, зиндониҳоро раҳо намекунанд. Ҳарчанд ҳанӯз вокуниши мақомоти Исроил ба ин муомила дар даст нест, вале телевизиони ин кишвар хабар дод, ки дар навор дидан мумкин буд, ки вазъи сиҳҳатии Шалит хуб, ҳарчанд дасту пояш баста будааст. Шалит июни соли 2006 дар ҷараёни як рейди марзӣ дастгир шуда буд. Чунин як муомилаи миёни Исроилу Ҳамос бо миёнҷигии Миср сурат гирифт. Ҳамос барои озодкунии Шалит то имрӯз раҳоии садҳо зиндониро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG