Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми даъвати AFC – дар Шри-Ланка


Марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё аз 3-юм то 14-уми феврали соли 2010 дар Шри-Ланка баргузор хоҳад шуд.

Дар даври ниҳоӣ дорандагони ҷоизаҳои мусобиқоти пешин – дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон, Тоҷикистон ва Куриёи Шимолӣ, ҳамчунин, тимҳои миллии Қирғизистон, Туркманистон, Мянмар, Шри-Ланка ва Бангладеш, ки дар сабқати интихобӣ соҳиби роҳхатҳо шудаанд, ширкат хоҳанд кард.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Баъдан бозиҳои ниманиҳоӣ ва ниҳоӣ баргузор хоҳанд шуд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC-2010 соҳиби роҳхати ягона ба Ҷоми Осиё-2011 мешавад. Дар мавриди пирӯзии мунтахаби Ҳиндустон, ғолиби мусобиқаи порсола, роҳхат насиби дастае мешавад, ки ҷои дуввумро касб мекунад.

Воқеъан, соли гузашта мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ аз тими мизбон – Ҳиндустон бо ҳисоби 1:4 шикаст хӯрда буд.

Ҷоми даъвати AFC аз соли 2006 барои севвумин бор доир хоҳад шуд. Дастаи Тоҷикистон нахустин барандаи ин Ҷом (соли 2006 дар Бангладеш) ба шумор меравад. Дастаи мизбон – Ҳиндустон соли 2008 соҳиби Ҷом гардидааст.
XS
SM
MD
LG