Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи наврасони Тоҷикистон ба Непал


Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои интихобии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола шоми 2-юми октябр озими Непал шуд.

Бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «В» аз 5-ум то 15-уми октябр дар шаҳри Катмандуи Непал баргузор мешаванд. Мунтахаби нарасони Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо дастаҳои Баҳрайн, Эрон, Лубнон, Ҷазоири Молдив ва Непал қувваозмоӣ хоҳад кард.

Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони кишвар 22 футболбози ҷавон аз дастаҳои лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Энергетик»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва дастаҳои лигаи якум – РШВСМ-и Душанбе ва «Саройкамар»-и Панҷ дохил шудаанд. Рақибони аслии мо дар ин гурӯҳ дастаҳои Баҳрайн, Эрон ва тими мизбон – Непал мебошанд. Мо барои роҳ ёфтан ба финал мубориза хоҳем бурд. 5-уми октябр бо Баҳрайн, 7-уми октябр бо Эрон, 10-уми октябр бо Лубнон, 13-уми октябр бо Ҷазоири Молдив ва 15-уми октябр бо Непал бозӣ хоҳем кард».
XS
SM
MD
LG