Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои хабарнигорон таъсис хоҳад шуд


Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон тарҳи Шӯрои хабарнигоронро баррасӣ кард, ки қарор аст дар моҳи ҷорӣ таъсис шавад. Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки яке аз рисолатҳои аслии ин шӯро марбут ба назорат аз кодекси ахлоқи матбуоту хабарнигорон мешавад. Ӯ гуфт, ки андешаи таъсиси чунин як ниҳоде, ки барои риояи ҳуқуқи журналистон ва ахлоқи чопи матолиб дер боз дар зеҳни гурӯҳҳои матбуотӣ мечархид. Баробари анҷоми корҳои таҳияву танзими санадҳои марбут ба тарҳи фаъолияти ин шӯро кори он ҳам шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG