Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши қарзи андози корхонаҳо


Бинои як корхонаи азкормонда дар вилояти Хатлон

Бинои як корхонаи азкормонда дар вилояти Хатлон

Қарзи андозсупорандагони вилояти Хатлон дар соли соли ҷорӣ ба андозаи 35 миллион сомонӣ афзуда, то ин замон ба 163 миллион сомонӣ, муодили қариб 40 миллион доллари амрикоӣ, баробар шудааст.

Ба гуфтаи раёсати андози вилояти Хатлон, яке аз омилҳои аслии афзоиши қарзи андоз фаъолияти ғайриқаноатбахши корхонаҳою ширкатҳои саноатию сохтмонӣ ё аз кор бозмондани онҳо, қарзҳои кишоварзӣ, ҳамчунин масъулиятношиносии худи андозсупорандаҳо мебошад.

Ҳасан Ҳаитов, корманди масъули идораи андози вилояти Хатлон, мегӯяд, дар аксар кишварҳои ҷаҳон андозсупорандаҳо, дар шахси ширкатҳои гуногун, корхонаҳо, соҳибкорон дарк мекунанд, ки бояд саривақт пардохт кунанд, аммо дар мисоли соҳибкорони ватанӣ ин тур аст, ки онҳо аксаран аз анҷоми ин кор гурез мекунанд, даромадашонро кам нишон медиҳанд ё баҳонаи бепулиро пеш меоранд.

Дар вилояти Хатлон 236 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки усулан метавонанд аз ҳисоби андозсупорӣ буҷаи маҳаллиро ба сурати қобили мулоҳиза ғанӣ созанд. Аммо бахши аъзами ин корхонаҳо аз фаъолият бозмондаанд, ё ба ҳадди на беш аз 10 дарсади иқтидор кор мекунанд ...
Мушкили ҷамъоварии андозҳо дар Хатлон ба ҳадде доғ шудааст, ки дар анҷоми ин кор зарурат ба мудохилаи мақомоти прокуратура ҳам пайдо шудааст. То ин замон мақомоти прокуратураи Хатлон дар робита ба иҷро нашудани кодекси андози кишвар, наздики чаҳор ҳазор чораи эътиноӣ андешида, 82 аризаи даъвоӣ ба суди иқтисодӣ барои ситонидани 15,5 миллион сомонӣ маблағи андоз пешниҳод кардааст.

Прокуратураи Хатлон мегӯяд, ҳамчунин дар зарфи соли ҷорӣ қариб 100 корманди нозироти андози минтақа барои бемасъулиятӣ нисбат ба вазифаҳои хидматиашон ба муҷозоти интизомӣ кашида шудаанд. Ва аммо маъмурияти идораи андозситонии Хатлон мегӯяд, бо барканории масъулини хадамоти андоз дар минтақа мушкили мавҷуда роҳҳал пайдо намекунад. Ба иддаои мақомоти андоз, бахши аъзами қарзи молиёт ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд ва маҳз баъди таҷдиди назар ба мушкили кишоварзон мешавад дар маҷмӯъ мушкили андозғундориро бартараф кард.

Дар вилояти Хатлон 236 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки усулан, метавонанд аз ҳисоби андозсупорӣ буҷаи маҳаллиро ба сурати қобили мулоҳиза ғанӣ созанд. Аммо бахши аъзами ин корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои азиме, назири «ТоҷикАзот», «ТоҷикКимиёсаноат» ва Корхонаи «Трансформатор»-и Қӯрғонтеппа ё умуман аз фаъолият бозмондаанд, ё ба ҳадди на беш аз 10 дарсади иқтидор кор мекунанд.

Аз моҳи декабри соли 2008-ум «ТоҷикАзот» кор намекунад ва дар баробари ин ки қариб 1000 кормандаш имрӯз бемаош мондааст, ҳамчунин давлат ҳам аз 15 миллион сомонӣ маблағи танҳо андоз маҳрум шудааст. Корхонаи «Трансформатор»-и Қӯрғонтеппа низ бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳрони молиявӣ аз афзоиши маблағи андозҳо, бахусус андози иҷтимоӣ ва баста шудани суратҳисоб шикоят мекунад.

Ҳамакнун бо таваҷҷӯҳ ба афзудани қарзи молиёт ё андоз дар минтақа Ҳукумати вилояти Хатлон, ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва ниҳодҳои андозситонии ҷануби Тоҷикистон ситодҳои вижа таъсис додаанд.
Иҷро нашудани қисми даромади буҷа, яъне нақшаи андоз ба афзоиши қарзи маош ва музди бознишастагӣ боис шудааст.

То имрӯз дар Хатлон агар қарзи маоши кормандон аз марзи 13 миллион сомонӣ гузашта бошад, қарзи нафақа ё маоши бознишастагӣ ҳам ба 9 миллион сомонӣ расидааст. Навоҳии Хуросон, Ҷиликӯл, Румӣ, Қабодиён, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ёван, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор нақшаи ҷамъоварии андозро танҳо то 50 дарсад иҷро кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG