Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири нави Амрико бо Раҳмон мулоқот кард


Кеннет Гросс, сафири нами ИМА дар Тоҷикистон эътиборномаи худро ба раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон супурд. Баъди ин мулоқот оқои Гросс бо хабарнигорон ба забони тоҷикӣ сӯҳбат кард ва гуфт, ки дар фаъолияти худ дар Тоҷикистон асосан ба се масъалаи умда таваҷҷӯҳ хоҳад кард: ин масъалаи таҳкими амнияти марзӣ бо Афғонистону мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, кор дар самти беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва рушди созмонҳои демократӣ, аз ҷумла кӯмак дар баргузории интихоботи парлумонии ин кишвар аст. Оқои Кеннет Гросс дар мақоми худ Трейси Ҷакобсонро табдил кард, ки то соли ҷорӣ раҳбари ҳайати дипломатии ИМА дар Тоҷикистон будааст.
XS
SM
MD
LG