Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО усули ҷанг бо Толибонро тағйир медиҳад


Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба тағйири тактикҳои ҷанг алайҳи ошӯбгарони Толибон дар Афғонистон даъват намуд.

Генерал Стенли Маккристал зимни суханрониаш дар пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегии Лондон гуфт, маҳдуд кардани ҳадафҳои ин ҷанг алорағми ақибнишиниҳои охир иштибоҳ хоҳад буд. Вай ҳушдор дод, дар ҳоле, ки ошӯбҳо тақвият меёбанд, вақт кам мондааст ва агар дар ояндаи наздик тактикҳо мувофиқи шароити имрӯза ислоҳ нашавад, хатари бузург вуҷуд дорад, ки террористони “Ал-Қоида” дубора дар Афғонистон барои худ паноҳгоҳе таъсис диҳанд.

Маккристал гуфт, “мизони хушунат барои он рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ки шӯриш тавсеа меёбад. Мо муваззафем самти раванди имрӯзаро ба ақиб гардонем ва вақт аҳамият дорад. Мунтазир шудан ягон натиҷаи самарабахшеро намедиҳад. Мо бояд аз фурсат истифода барем, чунки натиҷаҳои кӯшишҳое, ки мо ба харҷ додаем, абадӣ нахоҳанд буд.”

Фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон афзуд, ки тактикаҳои маъмулии низомӣ, ки аз ҷониби низомиён истифода мешаванд, зарароваранд ва ба хотири он артиши эътилоф дастгирии мардуми оддии Афғонистонро аз даст додааст.

Маккристал гуфт, ки “мо бо нобуд кардани Толибон бо арқоми ошӯбгарони кушташуда ва ё бо миқдори амалиётҳои ҷангӣ пирӯз нахоҳем шуд. Мо он замоне ғалаба хоҳем кард, ки мардуми он кишвар дар ин бора тасмим бигиранд.” Вай афзуд, ки барои анҷоми маъмурият дар Афғонистон ба вай боз 40 ҳазор сарбози иловагии Амрико зарур аст ва аз кишварҳои аврупоӣ хост, ки низ нерӯи бештар фиристанд.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама қаблан гуфта буд, ки то маълум шудани натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва бознигарии стратегияи кишвараш дар қиболи ин ҷанг вай дар бораи фиристодани сарбозони бештар тасмиме нахоҳад гирифт.

Ҳамзамон намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳ дар конгресси ИМА фишорашонро ба Обама афзоиш медиҳанд ва талаб мекунанд, ки вай ҳарчи зудтар стратегиашро дар қиболи Афғонистон дақиқ намуда, дар бораи гомҳои баъди тасмим бигирад.

Сенатори бонуфузи ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн гуфт, ки мехоҳад фармондеҳони артиши Амрико дар мӯҳлати 45 рӯз ба Сенат ҳозир шуда, дар бораи вазъи Афғонистон ва гомҳои баъдӣ гузориш диҳанд. Сенатори ҷумҳурихоҳ Карл Левин, раиси комиссияи хадамоти таслиҳотии конгрес илова намуд, ки генералҳо бояд танҳо баъд аз эълони стратегияи раисиҷумҳур ба назди қонунгузорон ҳозир шаванд.
XS
SM
MD
LG