Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба пирӯзии дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар Ҷоми раиси AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё), ки барои аввалин бор дар Тоҷикистон баргузор шуд, бахшида шудааст.

Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар» ТадАЗ, қаҳрамони 7-каратаи футболи Тоҷикистон ва барандаи 3-каратаи Ҷоми раиси AFC.

Дар ин барнома, инчунин Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва Юсуф Рабиев, капитани ин даста, дар бораи омодагиҳо ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Истиқлол» ва ССКА «Помир» баргузор хоҳад шуд, нақл мекунанд.

Аз 3-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши «Самандар-асри ХХI»-и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов баргузор мешавад. Дар ин бора ба шунавандагон саркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон ва раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, иттилоъ медиҳад.

Инчунин дар ин барнома шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно мекунем.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG