Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ин бахши филм муҳоҷирони тоҷик аз шаҳрҳои Тирмиз, Қаршӣ ва Урганҷи Узбакистон гузашта ба ҳудуди Қазоқистон ворид мешаванд.

Танҳо дар ин ҷо аввалин бор онҳо метавонанд, берун бароянд ва пой ба замин гузоранд. Муаллифони филм Мӯъмин Шокиров ва Александр Кулигин дар ин бахш моро бо Гуля Воҳидова -- як зани тоҷик ошно мекунанд, ки солҳост дар Орехово-Зуевои Русия ошпазӣ мекунад.

Ин ҷо ҳамчунин саҳнаи намоз дар қаторро хоҳем дид, ки пеш аз он намогузорон бо қутбнамо самти қибларо муайян мекунанд. Агар ин филмро дидан мехоҳед, аввал бахшҳои якум, дувум, савум ва чаҳоруми онро бубинед, то риштаи достон ба даст ояд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG