Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқа барои ҷоизаи ёдбуди Саидмӯъмин Раҳимов


Саидмӯъмин Раҳимов, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик

Саидмӯъмин Раҳимов, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик

Аз 3-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши «Самандар-асри ХХI»-и шаҳри Турсунзода мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов баргузор мешавад.

Cаркотиби ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқа ширкати беш аз 200 паҳлавон аз ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, Русия, Беларус, Укроин, Гурҷистон ва Эрон дар назар аст.

Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни то 100 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шуда буд. Воқеъан, ғолиби мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ дар вазни то 100 кг бо ҷоизаи махсуси Ҳукумати шаҳри Турсунзода – мошини сабукрави «Toyota Corolla» - мукофотонида хоҳад шуд. Инчунин сарпарастони мусобиқа барои ғолибон дар ҳашт вазни дигар мукофотпулӣ таъсис додаанд: барои ҷои аввал - 800 доллар, барои ҷои дуввум – 400 доллар ва барои ҷойҳои севум – 150-долларӣ».

То имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай, ҳамчунин, қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст.

Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.

Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.

Саидмӯъмин Раҳимов 13-уми феврали соли ҷорӣ дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид ва даргузашти ҷаҳонпаҳлавон талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG