Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти истихборотии Покистон мегӯянд, дар як ҳамлаи мушакии Иёлоти Муттаҳида раҳбари ситезаҷӯёни узбак Тоҳир Юлдош кушта шудааст.

Ин манобеъ мегӯянд, Юлдош бар асари зарбаи мушакӣ рӯзи 27-уми август дар Вазиристони Ҷанубӣ захмӣ шуда, чанд рӯз баъдаш даргузаштааст.

Дар ин бора чаҳор намояндаи хадамоти истихборотии Покистон ба хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс ва Ройтерз итилоъ додаанд.

Дар ин бора хадамоти истихборотии Покистон ба хабаргузориҳои Ассошиейтед Пресс, Франспресс ва Ройтерз итилоъ додаанд. Мақомоти покистонӣ мегӯянд, ин иттилоъро аз ситезаҷӯён дарёфт кардаанд.

Аммо намояндаи Толибон бо номи Қорӣ Ҳусайн ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс занг зада, гуфтааст, Юлдош зиндааст.

Тафсилоти хабарҳои ҳалокати раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон дар идомаи ҳамин матлаб ба нашр хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG