Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии муддаъиёни унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Шоми 1-уми октябр бозиҳои даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расиданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ, дар варзишгоҳи «Пахтакор», бо ҳузури 10000 тамошобин бар тими «Энергетик» бо ҳисоби бузурги 6:1 ғалаба кард. Нӯъмон Ҳакимов, ҳамлагари «Вахш», дар ин бозӣ се гол (дақиқаҳои 40-ум, 67-ум ва 73-юм) зад. Воқеъан, Ҳакимов бо 15 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад. Ду голи дигари мизбононро Рустам Усмонов (дақ. 48-ум) ва Фозил Сатторов (дақ. 90-ум) ба самар расонданд. Инчунин Идибек Ҳабибуллоев, ҳимоятгари «Энергетик», дар дақиқаи 86-ум тӯбро ба дарвозаи дастаи худ ворид кард. Як голи меҳмононро Сӯҳроб Ҳамидов дар дақиқаи 47-ум ба ҳадаф расонд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ ба дарвозаи дастаи мизбон – «Равшан»-и Кӯлоб се голи беҷавоб зад. Ду голро Ихтиёр Қобилов (дақиқаҳои 50-ум ва 80-ум) ва як голро Баҳодур Шарифов (82-юм) ба самар расонданд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Хуршед Маҳмудов ду гол (дақиқаҳои 77-ум ва 88-ум), Саид Эргашев (3-юм) ва Давронҷон Тухтасунов (65-ум) якголӣ заданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуд. Юсуф Рабиев се гол (дақиқаҳои 16-ум, 79-ум ва 90+2), Дилшод Восиев ду гол (24-ум, 34-ум) ва Ҷаҳонгир Ҷалилов як гол (59-ум) заданд. Як голи «Гвардия» ба Беҳрӯз Ҳабибуллоев (81-ум) мансуб аст.

Инчунин дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе дар ин давр бидуни бозӣ бо ҳисоби фаннии 3:0 соҳиби се имтиёз шуд. Зеро рақибаш – дастаи «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - ба иллати набуди маблағ аз ширкат дар давраи дуввуми мусобиқот даст кашидааст. Бояд гуфт, ки ин нахустин ғалабаи ССКА «Помир» дар мусобиқаи имсола мебошад.

Баъди натиҷагирии даври 14-ум «Вахш» бо 37 имтиёз мисли пешин дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. Рақиби аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ - «Хуҷанд» - бо 34 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» бо 29-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои севуму чаҳорум ҷойгир шудаанд. Вале «Регар» ТадАЗ як бозӣ камтар анҷом додааст.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 10-уми октябр:


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

14

12

1

1

36-13

37

2.

«Хуҷанд»

14

11

1

2

31-8

34

3.

«Регар» ТадАЗ

13

9

2

2

26-9

29

4.

«Истиқлол»

14

9

2

3

30-15

29

5.

«Энергетик»

14

7

1

6

34-24

22

6.

«Парвоз»

14

4

4

6

17-21

16

7.

«Равшан»

13

4

2

7

21-24

14

8.

«Спитамен»

14

1

3

10

9-32

6

9.

«Гвардия»

14

1

2

11

7-45

5

10.

CСKA «Помир»

14

1

2

11

11-31

5


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмон Ҳакимов («Вахш») – 15 гол, Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») – 12 гол.

Бозиҳои даври 15-ум рӯзҳои 10-уму 11-уми октябр баргузор мешаванд.

Рӯзи 5-уми октябр, соати 15 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2009 барпо мегардад. Барои Ҷом ду дастаи пойтахти кишвар – «Истиқлол» ва ССКА «Помир» - мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG