Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти ҳастаии Эрон охири моҳ идома меёбад


Дирӯз дар Женева Эрон ва кишварҳои муҳими ҷаҳон баъд аз тавофуқот дар бораи музокироти баъдӣ музокирот роҷеъ ба барномаҳои зиддунақизи Эронро нишасти худро ба поён расонданд. Онҳо қарор карданд, ки ин музокирот дар поёни моҳи ҷорӣ идома ёбад. Дар музокирот панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ Амрикову Русия, Британияву Фаронса ва Чин бар иловаи Олмон ширкат доштанд. Хавиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки Эрон барои таъмини реактори таҳқиқотии худ дар Теҳрон дар кишвари севвум миқдоре урани худро ғанӣ созад. Вай гуфт:

"Эрон гуфтааст, ки роҷеъ ба корхонаи нави ғанисозии урани худ дар наздикии Қум ба нақша гирифтааст, ки бидуни таъхир ва комилан бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии СММ ҳамкорӣ мекунад ва дар ду ҳафтаи оянда коршиносонро аз ин ожонс барои боздид аз корхонаи Қум даъват мекунад".

Дар давоми танаффус дирӯз намояндагони Амрикову Эрон бори нахуст дар си соли ахир бо ҳам ба гуфтугӯ нишастанд.
XS
SM
MD
LG