Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтилофоти нафтии Туркманистону Озарбойҷон дар Хазар


Туркманистон тасмим гирифтааст бо Озарбойҷон дар бораи яке аз қисматҳои қобили баҳси Дарёи Хазар ба гуфтугӯ нишинад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон дирӯз ҳангоме, ки бо рӯзноманигорони хориҷӣ дар Ашқобод сӯҳбат мекард, гуфт, ки мақомоти зидахли Туркманистону Озарбойҷон музокироти худро роҷеъ ба ин масъала идома медиҳанд, вале Туокманистон омода аст, ин баҳсро ба додгоҳи байналмиллалӣ кашонад. Масъалаи баҳс яке аз чоҳҳои нафти Дарёи Хазар аст, ки Туркманистон баҳрабардорӣ аз онро оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG