Пайвандҳои дастрасӣ

Обама музокироти ҳастаии Эронро "оғози созанда" хонд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико музокироти ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳонро "оғози созанда" арзёбӣ кард, вале вай гуфт, Теҳрон бояд ҳарфу амалаш бо ҳам созгор бошад. Обама гуфт, Эрон бояд барои иҷрои таъаҳҳудоти худ шаффофият нишон диҳад, зеро барои ҳамкории комил бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ таъаҳҳуд супурдааст. Дар музокироти Женева вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, акнун кишвараш ҳамаи таъсисоти ҳастаии худро муаррефӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG