Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои туркзабон эъломияи ҳамкорӣ имзо мекунанд


Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки имрӯз ва пагоҳ, 2, 3-юми октябр дар Нахчевани Озрбойҷон дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои туркзабон шикат ҷӯяд. Дар ин бора дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст. Интизор меравад, ки раҳбарон дар бораи ҳамкориҳои ояндаи байни кишварҳои туркзабон ва таъсиси Шӯрои Ҳамкории ин кишварҳо эъломия ба имзо расонанд. Озарбойҷону Туркия, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркманистон кишварҳои туркзабон дониста мешаванд. Мулоқоти аввали раҳбарони кишварҳои туркзабон дар пойтахти Туркия баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG