Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон иҷрои суруди миллӣ ҳатмӣ мешавад


Порламони Қирғизистон иловаеро дар қонун ба тасвиб расонд, ки тибқи он акнун шаҳрвандони ин кишвар муваззаф шудаанд дар маросимҳои расмӣ суруди миллии худро хонанд. Ин санад ҳамчунин ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлативу хусусиро маваззаф кардааст, ки дар оғоз ва дар интиҳои барномаҳои худ суруди миллиро пахш кунанд. Ин илова баъд аз имзои Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳур эътибор пайдо мекунад.
XS
SM
MD
LG