Пайвандҳои дастрасӣ

Ин бор порламони туркзабонҳо такмил нашуд


Намояндагони Ӯзбекистону Туркманистон рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе дар Маҷмаи Порламонии кишварҳои туркзабон дар Боку ширкат накарданд. Илгар Мамадов-таҳлилгари сисёсиии Озарбойҷон мегӯяд, сабаби нафиристодани намояндагони ин ду кишвар "набуди порламони асил" дар ин ду кишвар аст. Мамадов афзуд, дар миёни кишварҳои туркзабон то андозае порламони асил дар Туркия вуҷуд дорад. Фарҳод Толибов-намояндаи порламони Ӯзбекистон, ки дар ин маҷмаъ ширкат накард, ба радиои Озодӣ гуфт, шиори "Туркистон хонаи мост" дар Ӯзбекистон зуд-зуд ба гӯш мерасад, вале солҳои ахир кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар миллӣ шудаанд ва аз якдигар фосила гирифтаанд. Ташкили Маҷмаи Порламонии кишварҳои туркзабон ибтикори Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон аст, ки аз соли 2006 вуҷуд дорад ва бояд дар он намояндагони порламон аз Туркияву Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат ҷӯянд.
XS
SM
MD
LG