Пайвандҳои дастрасӣ

Афви навбатии амволи ғайриқонунӣ дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон афви дороии ғайриқонунӣ эълон шудааст. Дирӯз дар ин бора Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури ин кишвар санадеро имзо кард. Дар санад омадааст, шаҳрвандони Қирғизистон то 31-ӯми декабр метавонанд пулу моли худро, ки аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардаанд, қонунӣ кунанд. Ҳар касе, ки чунин дороии худро дар ин мӯҳлат муаррефӣ ва сабт мекунад, дар оянда аз муҷозот озод хоҳад буд. Ин талоши дуввуми ҳукумат барои қонунӣ кардани дороиҳои ғайриқонӣ мебошад. Дар соли 2007 низ афви амволи ғайриқонунӣ эълон шуд, вале натиҷа надод. Дар гузашта Тоҷикистон як дафъа ва Қазоқистон ду дафъа аз ин қабил афв эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG