Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди нави Туркманистон роҷеъ ба ҷуброни об


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон рӯзи панҷшанбе дар Ашқобод дар нишасте бо хабарнигорон аз аз Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон дархост кард, ки ба Тоҷикистон барои ҳали душвориҳои энержӣ ҷуброни пулӣ пардохт кунанд, то Тоҷикистон меъёри партоби об аз обанборҳои худро дар ҳамин сатҳ нигоҳ дорад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости иттилоъ додааст. Раҳбари Туркманистон гуфтааст, Тоҷикистон, ки оби кишварҳои Осиёи Марказӣ аслан аз он ҷо сарчашма мегирад, ба душвориҳои энержӣ рӯ ба рӯст ва роҳи ҳали онро танҳо дар сохтмони ниругоҳҳои нави барқи обӣ мебинад. Ба ақидаи коршиносон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ баъд аз 5-10 соли дигар масъалаи таъмини об шадидтар аз масъалаи таъмини энержӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG