Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет Помирро фатҳ мекунад


Барои сокинони маркази Вилояти Мухтори Бадахшон дастрасӣ ба интернет осонтар шуд.

Ба гуфтаи масъули қитъаи интернетии «Тоҷиктелеком» дар Хоруғ Латиф Ҳокимбеков ахиран кулли шаҳрвандон ва кормандони идораву муассисаҳо, ки соҳиби нуқтаи телефони ҳастанд , имконияти воридоти берамз ба шабакаи интернетиро пайдо намуданд.

Масъули қитъа бидуни хариди кортҳои махсус пайваст шудан ба интернетро афзалияти ин намуди хизматрасонӣ номид. Вай афзуд, наздики 200 нафар сокинони шаҳр, ки дар хона компутар доранд ва шумори аз ин бештари кампутарҳо дар идораву муассисаҳо аз онҳо ба интернет васл мешаванд.

Алҳол 80 дарсади бозори интернетро дар Бадахшон, ки фақат дар Хоруғ фаъол аст, ширкати «Телеком техноложи » дар даст дорад.

Қариб аксари кулли идораву муассисаҳои аз ҷиҳати молиявӣ қавӣ муштариёни ин ширкат ҳастанд.

Намояндаи ширкат дар Хоруғ Малакбоз Малакбозов мегӯяд, ин пешоҳангӣ ба сифати хизматрасонии интернетӣ пайванд дорад.

Аммо ба гуфтаи масъули қитъаи интернетӣ Латиф Ҳокимбеков идораҳо, бахусус муассисаҳои буҷавӣ, ки имконоти заъифи молиявӣ доранд, аммо аз интернет истифода бурдан мехоҳанд, дар симои «Тоҷиктелеком» шарики боътимоди худро пайдо кардаанд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон воридоти берамз ба интернетро кӯшиши танг намудани мавқеъи рақибон ва фаъол шудани «Тоҷиктелеком» дар фазои хизматрасонии интернетӣ арзёбӣ мекунанд.

Ба гуфтаи сардори бахши вилоятии «Тоҷиктелеком» Сафар Мулкамонов, онҳо аллакай дар маҳалҳои наздик ба маркази вилоят бо васл шудани пойгоҳҳои рақамӣ дар мавриди хизматрасонии интернетӣ ташаббусро ба даст гирифтанд ва тасмим доранд, дар рӯзҳои наздик барои сокинони Рушон низ шароити дастрасӣ ба интернетро муҳайё созанд.

Вай афзуд, ки бо насби хатти нахҳои оптикӣ имконияти густариши интернет дар кулли Бадахшон фароҳам мешавад.

Ба гуфтаи Сафар Мулкамонов алҳол васли хатти нахӣ аз ағбаи Қулма ба сӯи маркази ноҳияи Мурғоб идома дошта, онҳо саъй меварзанд 250 километри боқимондаро ҳарчӣ зудтар ба охир расонанд .

Ба фикри мутахассисон, ҳарчанд тайи солҳои охир интернет дар маркази вилоят густариш доштааст, аммо доираи истифодабарандагони он маҳдуд мемонад.

Зарифбек Мародбеков, мудири кафедраи риёзии Донишгоҳи Хоруғ ва яке аз ташаббускорони таъсиси сомонаи интернетии донишгоҳ гарон будани нархи интернетро дар шароити иҷтимоии кишвар сабаби кам будани истифодабарандагон ва рушд накардани сомонаҳои интернетӣ дар минтақа мешуморад.

Ба гуфтаи масъули китобхонаи электронии донишгоҳ китобхона қариб 300 узв дорад, ки барояшон маводи таълим бо истифода аз сервери алоҳида пешкаш мешаванд, аммо худи китобхона то ба ҳол ба шабакаи интернетӣ пайваст нашудааст.

Ба мушоҳидаи китобдор, аммо аз суи дигар дар байни ҷавонону донишҷуён ҳанӯз фарҳанги истифода аз интернет рушд накардааст ва теъдоди хеле камашон интернетро чун василаи судманди кор истифода мебаранд.

Ҳузури «Вабилон» дар байни ду рақиби асосии хизматрасонии интернетӣ дар минтақа ҳанӯз ноаён боқӣ мемонад, аммо ин ширкат мекӯшад, ки дар мавриди густариши интернет пешоҳанг бошад.
XS
SM
MD
LG