Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худогоҳӣ ва дониш дар муқобили хушунат


Афзоиш ёфтани зуҳуроти хушунати зидди занон дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёриҳоро нигарон кардааст.

Саидмоҳ, ки ҳоло 30 сол дорад ва дар хонаи падару модар зиндагӣ мекунад, мегӯяд ки дар сини 17-солагӣ ба писари амакаш издивоҷ карда ва баъди 4 соли хонадорӣ аз ҳам ҷудо шуданд.
Албатта, ин ҷаҳолат аст. Аксарияти хушдоманҳо мегӯянд, ки келинро қалин дода харидем, бояд ба ҳамаи рафтори мо тоқат кунад...

Вай иллати аслии вайроншавии оилаашро дар ҷой доштани хушунати хонаводагӣ маънидод кард: «Дар хонаи шавҳар бисёр рӯзҳоро аз сар гузаронидам, ки гуфтани кас намеояд. Ба хотири хушбахтии оила, тоқат мекардам, аммо вақте косаи сабрам лабрез шуд, дигар тоқат карда натавонистам».

Ба гуфти ҳамсӯҳбатам ҳарчанд талош кардааст, ки ин рӯзҳоро, яъне шебу фарозиҳои ҳаётро дар хонаи шавҳар паси сар кунад ва оилаашро побарҷо нигоҳ дорад, аммо рафторҳои хонаводаи шавҳар то ба ҷудошавии оилаи ҷавон овардааст.

Дар Тоҷикистон ҳамтақдирони Саидмоҳ кам нестанд. Сарфи назар аз он, ки аксари занҳои тоҷик дар муҳити ҷомеаи сунатӣ тарбия ёфтаанд ва аз ҳамин зовия фарҳанги оиладории хешро тартиб медиҳанд, вале солҳои охир тамоюли мавриди хушунат қарор гирифтани ин қишр ки 60 дарсади ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил мекунанд, афзоиш ёфтааст.

Алияи Иброҳим як зани фаъоли ҲНИТ меафзояд, ки ҳарчанд ин мушкилот дар хонаводаҳои рустоӣ бештар сурат мегирад ва худи занон низ аз фарҳанги хонадории исломӣ огаҳии комил надоранду худро дар назди шавҳар дар мартабаи поёнии ҳуқуқӣ ҳис мекунанд ва 70 соли шӯравӣ ҳам занҳо то қадре худогоҳ гаштанд, аммо аз фарҳанги ҷомеаи суннатии хеш дар канор монданд ва инак сарфи назар аз он ки 18 соли истиқлолияти миллии хешро паси сар карданд, ҳанӯз ҳам дар ташаккули иҷтимоии хеш қадами муосир нагузоштаанд.

Ҳамсӯҳбатам афзуд, ки агар аз як тараф ин зуҳурот дар ҷомеа шакли меросӣ, яъне солҳост, ки дар ҷомеаи тоҷик падарсолорӣ ҷой дорад, паҳлӯи дигар камтаваҷӯҳҳии худи занон ба дарки ҳимояи ҳуқуқии хеш аз нуқтаи назари ва қонунҳои дунявӣ мебошанд.

Хонум Иброҳимӣ гуфт: «Дар Тоҷикистон ислом хеле ривоҷ ёфт. Занҳо низ дар шинохти ислом пешравӣ доранд ва бо назардошти он ки мо 70 соли зери ғояи коммунистӣ будем, мардум одатҳоро пайравӣ мекарданд.Ва имрӯз ин чиз ҳам идома дорад.»

Хонум Саидмоҳ, ки маҳз дучори ин падидаи номатлуб шудаву имрӯз мақмоми зани танҳоро дар ҷомеа дорад, яке аз мушкилоти аслии то ба ҳанӯз ҷой доштани ин зуҳуроти номатлубро дар ноогооҳии модарон медонад. Зеро меафзояд ӯ аксарияти падару модар келинро ҳамчун фарзанди худ қабул надоранд ва дар шакле муносибат мекунанд, ки занҳо инсон будани худро дар хонаи шавҳар эҳсос намекунанд, барои ҳамин ҳам Саидмоҳ сари танҳои худро гирифта, аз хонаи шавҳар берун шудааст.

Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, баъди он, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст , ӯ ба яке аз мактабҳои олӣ дохил шудаву имрӯз соҳибкасб аст. Ва то андозае аз ҳуқуқу озодиҳои хеш бохабар гардидааст.

Аммо занони зиёд, ки одатан баъди мактаб шавҳар мекунанд, ҳаёти худро фидои оилаву тарбияи фарзандон намуда, аз таҳсил дур монда, аз нуқтаи назари иқтисодӣ пурра ба шавҳарҳояшон вобаста мешаванд. Аз ин ҷост, ки баъзан чунин занҳо маҷбуранд, ба хушунат дар хонаҳояшон тоқат кунанд, вале бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон афзоиш ёфтани шумораи талоқҳо то ҷойе мақомоти кишварро нигарон кардааст.

Дар асоси иттилои ҳамин Кумита давоми нимсолаи соли ҷорӣ дар кишвар 2 514 талоқ сабт шудааст, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
Ба гуфти Саодат, мутахассиси ҳамин кумита, шиддат гирифтани ин падидаи манфӣ дар ҳаёти занон боиси нигаронӣ аст ва ҳар рӯз қариб ки чанд нафар занони ҷавон ва миёнсол дар ин маврид ба кумита муроҷиат мекунанд.

Хонум Саодат мегӯяд: «Албатта, ин ҷаҳолат аст. Аксарияти хушдоманҳо мегӯянд, ки келинро қалин дода харидем, бояд ба ҳамаи рафтори мо тоқат кунад.»

Алия Иброҳимӣ мегӯяд, дар ҳоле ки 52 дарсади ходимони ҷамъият, қувваи меҳнати Тоҷикистонро занон ташкил медиҳад, вале то ба ҳанӯз ин қишр наметавонад ки аз вартаи дастнигарию маҳудудияятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба марҳилаи ворастагӣ бирасад, барои ояндаи худи занҳо мояи нигаронӣ аст ва бояд ин қишр ғами имрӯз ва фардои ҳамтақдирони хешро мадди назар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG