Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қирғизистон иҷрои суруди миллӣ ҳатмӣ шуд


Шаҳрвандони Қирғизистон акнун муваззаф ҳастанд, ки ҳангоми пахши суруди миллӣ дар маҷлисҳои расмӣ ба он ҳамовозӣ кунанд. Чунин тағйирот дар қонун бо ташаббуси вакилони ҳизби ҳокими Оқ Жӯл ворид карда шуд, ки дар парлумони ин кишвар аксариятро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин акнун аз радиову телевизион тақозо мешавад, ки дар оғозу анҷоми барномаҳои рӯзонаи худ суруди миллии кишварро пахш кунанд. Қаблан аз шаҳрвандони Қирғизистон тақозо мешуд, ки ҳангоми пахши суруди миллӣ дар маҳфилҳои расмӣ баланд шуда дасти ростро болои дил гузошта онро гӯш кунанд.
XS
SM
MD
LG